Афзоиши содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Лаҳистон

Дар толори конфронси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон рӯзи 19 июн оид ба масоили вазъи ҳамкориҳои Тоҷикистону Лаҳистон (Полша) нишасти хабарӣ доир гардид. Ятсек Михалски, мушовири сафорати Лаҳистон дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш.Тошканд) дар ин робита изҳор намуд, ки соли 2014 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо қариб 20 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба […]

Аҳлиддин Салимов



Дар толори конфронси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон рӯзи 19 июн оид ба масоили вазъи ҳамкориҳои Тоҷикистону Лаҳистон (Полша) нишасти хабарӣ доир гардид.

Ятсек Михалски, мушовири сафорати Лаҳистон дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш.Тошканд) дар ин робита изҳор намуд, ки соли 2014 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо қариб 20 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба сатҳи соли 2013 25% зиёдтар аст.

«Дар ҳамин ҳол, агар ҳаҷми афзоиши содироти мол аз Лаҳистон ба Тоҷикистон дар ин давра беш аз 20%-ро ташкил дода бошад, пас ҳаҷми содироти мол аз Тоҷикистон ба Лаҳистон 2,8 баробар афзуд», – таъкид дошт дипломат.

Ба гуфтаи ӯ, аз Лаҳистон ба Тоҷикистон асосан мошину таҷҳизот (ҳудуди 23% аз ҳаҷми умумӣ), маснӯот аз металлҳои ранга (20%), маҳсулоти ғизойии тайёр (беш аз 13%), маводи кимиёвӣ (беш аз 10%) ворид карда шуда, аз Тоҷикистон ба Лаҳистон нахи пахта ва маҳсулоти коркарди он (86% аз ҳаҷми умумӣ), маҳсулот аз металлҳои ранга (9%) ва дигар молу коло содирот шудааст.

«Маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба Лаҳистон дар маҷмӯъ аз 11 номгӯи молҳо иборат аст, ки нисбат ба соли 2013 сеяк миқдор зиёдтар мебошад. Аз нигоҳи мо ин ҳам аз афзоиши иқтидори содиротии Тоҷикистон ва ҳам аз тамоили мусбати огаҳии тоҷирони Лаҳистон аз имконоти Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад», – гуфт ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.