Ба Ш. Худойдодова истирдод ба Тоҷикистон таҳдид мекунад

Хабаргузории беларусии БЕЛТА иттилоъ медиҳад, ки масъалаи истирдоди Шабнам Худойдодова ба ватан мавриди ҳаллу фасл қарор дорад. Дар маълумоти хабаргузорӣ бо истинод ба хадамоти матбуоти гурӯҳи марзбонон дар нуқтаи байнулмилалии роҳи оҳани «Брест» қайд мешавад, ки кормандони ин нуқтаи марз шаҳрванди Тоҷикистонро, ки мавриди ҷустуҷӯи байнидавлатӣ қарор доштааст, ошкор кардаанд. Ин шаҳрванди хориҷӣ дар истгоҳи […]

ASIA-Plus



Хабаргузории беларусии


БЕЛТА


иттилоъ медиҳад, ки масъалаи истирдоди Шабнам Худойдодова ба ватан мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.

Дар маълумоти хабаргузорӣ бо истинод ба хадамоти матбуоти гурӯҳи марзбонон дар нуқтаи байнулмилалии роҳи оҳани «Брест» қайд мешавад, ки кормандони ин нуқтаи марз шаҳрванди Тоҷикистонро, ки мавриди ҷустуҷӯи байнидавлатӣ қарор доштааст, ошкор кардаанд.

Ин шаҳрванди хориҷӣ дар истгоҳи Брест-Восточний ҳангоми тафтиши убури марз миёни гурӯҳи шахсоне, ки ба хориҷи кишвар сафар доштаанд, боздошт шудааст.

«Дар ҳуҷҷатҳои шаҳрванди Осиёи Миёна, зани 29-сола ҳеҷ камбудие ҷой надошта, вале маълум шуд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон барои фаъолияти ифротгароӣ дар қаламрави кишвари худ мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст. Барои санҷиши минбаъда ин зан ба ихтиёри шуъбаи корҳои дохилӣ дар нақлиёти Раёсати корҳои дохилии Кумитаи иҷроияи Брест супурда шуда, айни замон масъалаи истирдоди ӯ ба ватан мавриди ҳаллу фасл қарор дорад», – менависад хабаргузорӣ.

Иттиҳодияи

Иттиҳодияи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ»

– AHRCA дар робита ба таҳдиди истирдоди Шабнам Худойдодова ба Тоҷикистон нигаронӣ изҳор мекунад. Барои ибрози назари ошкори андешаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар Тоҷикистон ба ӯ шиканҷа ва маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати 20 сол таҳдид мекунад.

Рӯзи 15 июн зимни убури марзи Русия ва Беларус шаҳрванди Тоҷикистон Шабнам Худойдодова

ба ҳабс гирифта шуд.

Дар ин бора дар 

блоги Надежда Атоева

, президенти Иттиҳодияи «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» хабар дода шуда буд.

Шабнам Худойдодова пас аз истирдоди Мақсуд Иброҳим, пешво ва муассиси созмони «Ҷавонони Тоҷикистон барои эҳёи Тоҷикистон», узви роҳбарияти нерӯҳои мухолифини «Тоҷикистони нав», ки «Гурӯҳи 24» низ ба он шомил аст, мавриди ҷустуҷӯ эълон шуд.

 «Моҳи январи соли 2015 дар манзили Шабнам Худойдодова кофтуков гузаронида шуда, модар ва шахсонеро, ки ӯ дар Тоҷикистон бо онҳо муносибат дошт, бозпурсӣ карданд. Солҳои ахир Шабнам Худойдодова дар Русия иқомат дошт. Чанде қабл ӯ огоҳ гардид, ки дар Русия ба рабуданаш омодагӣ мегиранд. Ин ташвишҳо асос доранд: соли ахир ҷонибдорони «Гурӯҳи 24»-ро чандин маротиба рабуда, пешвои он Умаралӣ Қувватов дар Истамбул кушта шуд», – зикр мегардад дар блоги ҳомии ҳуқуқ.

Моҳи октябри соли 2014 Тоҷикистон «Гурӯҳи 24»-ро ифротгаро эъон кард. Санаи 12 июни соли 2015 Худойдодова ба Беларус раҳсипор шуд, то ки ба дафтари кории Раёсати Комиссари Олӣ оид ба гурезагони СММ барои дарёфти мақоми гуреза муроҷиат кунад.

AHRCA ҳамчунин даъват кард, ки:

– Дафтари кории Раёсати Комиссари Олӣ оид ба гурезагони СММ таъҷилан ба дидорбинии Шабнам Худойдодова рафта, аризаи ӯро мутобиқи Конвенсияи СММ дар бораи мақоми гурезандагон баррасӣ намояд;

– Ҳукумати Беларусро иҷрои шарти моддаи 3-и Конвенсияи СММ алайҳи шиканҷа дар бораи манъи истирдод ба кишваре, ки дар он ба гуреза шиканҷа таҳдид мекунад, лозим аст.

Ҳамзамон Иттиҳодияи «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» гузоришгари махсуси СММ оид ба масоили шиканҷа ва созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқро аз ин қазия огоҳ кард.   

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.