Чин роҳҳои Қӯрғонтеппаву Кӯлобро таъмир мекунад

Палатаи поёнии парлумон имрӯз, 24 июн Созишнома тариқи мубодилаи мактубҳо байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Чин дар бораи лоиҳаи татбиқи корҳои таъмирию барқарорсозии роҳҳои дохилишаҳрии шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлобро тасдиқ кард. Зимни суханронӣ назди вакилон оид ба ин масъала муовини вазири молия Меҳринамо Ҷонмаҳмадова изҳор намуд, ки  барои иҷрои корҳои таъмир дар ин роҳҳои ду […]

Аваз Юлдошев



Палатаи поёнии парлумон имрӯз, 24 июн Созишнома тариқи мубодилаи мактубҳо байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Чин дар бораи лоиҳаи татбиқи корҳои таъмирию барқарорсозии роҳҳои дохилишаҳрии шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлобро тасдиқ кард.

Зимни суханронӣ назди вакилон оид ба ин масъала муовини вазири молия Меҳринамо Ҷонмаҳмадова изҳор намуд, ки  барои иҷрои корҳои таъмир дар ин роҳҳои ду шаҳри минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ҷониби Чин ба сифати бурс 60 млн. юан ҷудо мекунад.

«Дар тендери баргузоршуда аз рӯйи ин лоиҳа ширкати Чин ғолиб омада, ба таъмири хушсифати 6 километрӣ роҳҳои мошингард дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб уҳдадор шуд», – иброз дошт муовини вазир.

Ба гуфтаи ӯ, дар навбати худ Тоҷикистон уҳдадор мешавад, ки ҳангоми иҷрои корҳо ва воридоти техникаву таҷҳизот, ширкати чинӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.