Мусоидати ФАО ба беҳбуди фаъолияти истеҳсолкунандагони маҳсулоти ширӣ

Дар доираи лоиҳаи Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) дар мавзӯи беҳбуд ва рушди устувори соҳаи шири Тоҷикистон 15 нафар мутахассисони соҳаи коркарди шири ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Тавре аз намояндагии ФАО дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, мақсади асосии  ҷамъомад мубодилаи таҷрибаи минтақавию байналхалқӣ дар соҳаи истеҳсол ва коркарди шир мебошад. Гуфта мешавад, вазорати саноат ва технологияҳои […]

ASIA-Plus



Дар доираи лоиҳаи Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) дар мавзӯи беҳбуд ва рушди устувори соҳаи шири Тоҷикистон 15 нафар мутахассисони соҳаи коркарди шири ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Тавре аз намояндагии ФАО дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, мақсади асосии  ҷамъомад мубодилаи таҷрибаи минтақавию байналхалқӣ дар соҳаи истеҳсол ва коркарди шир мебошад.

Гуфта мешавад, вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон соли гузашта ба ФАО муроҷиат кард, то ки барои рақобатпазир гардидани саноати ширӣ, ба тарҳи стратегии (усули) маркетингӣ ва нақшаи рушди сертификасияи  байналхалқӣ кӯмаки худро расонад.

«Солҳои охир саноати ватанӣ дар соҳаи коркарди шир ва ҷамъи он ба миқдори зиёд саҳмгузорӣ намудааст. Ба ҳар ҳол, саноати ширии Тоҷикистон бо мушкилии дигар бархурдор  гардидааст: ин ҳам рақобати сахт аз тарафи маҳсулоти шири хориҷие, ки тадриҷан  бозори маҳаллиро пур карда истодааст», – гуфтаась Виорел Гутсу, намояндаи ФАО дар Тоҷикистон.

Зикр мегардад, ки лоиҳаи  ФАО бо арзиши 45.700 доллари ИМА дар ҳамкорӣ бо вазорат ва бахши хусусӣ амалӣ мегардад. Дар чорчӯбаи лоиҳа машваратчии байналхалқии ФАО дар ҳамкорӣ бо шарикони маҳаллӣ вазъияти мушкилиот ва талаботи саноати шириро таҳлил намуда, ҳамчунин , бо назардошти хусусияти шири бозори маҳаллӣ, равиши самараноки баланд бардоштани даромаднокии соҳаи шириро пешниҳод мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.