Аз 1 июл ҳисобнома -фактураҳои андоз аз ААИ танҳо дар шакли электронӣ қабул мешаванд

Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон дигар ба қабули ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда хотима бахшида, аз 1-уми июли соли равон чунин санадҳо ба Кумитаи андоз бояд танҳо дар шакли электронӣ пешниҳод шаванд. Дафтари матбуоти Кумитаи андоз дар ин робита иттилоъ медиҳад , ки тибқи муқаррароти Кодекси андози ҶТ ва «Тартиби пешниҳоди ҳисоботи андоз дар шакли […]

Пайрав Чоршанбиев



Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон дигар ба қабули ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда хотима бахшида, аз 1-уми июли соли равон чунин санадҳо ба Кумитаи андоз бояд танҳо дар шакли электронӣ пешниҳод шаванд.

Дафтари матбуоти Кумитаи андоз дар ин робита

иттилоъ медиҳад

, ки тибқи муқаррароти Кодекси андози ҶТ ва «Тартиби пешниҳоди ҳисоботи андоз дар шакли

Электронӣ», ки бо фармоиши раиси Кумитаи андоз аз 26 январи соли 2013 тасдиқ карда шудааст, дар мақомоти андоз тартиби қабули эъломияҳои андоз дар шакли электронӣ ба роҳ монда шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳисобнома-фактура санади асосӣ барои дарҷи маблағҳои андоз аз арзиши иловашуда буда, дар муносибатҳои хоҷагидорӣ миёни контрагентҳо далели таҳвили мол ё пешниҳоди хизматгузориҳоро мебошад. Ҳисобнома-фактураҳои мабалғҳои фурӯш, пардохт ё қисман пардохти маблағ ё хизматгузориҳо дар китобҳои хари ё фурӯш дарҷ карда мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.