Нахуствазири Ҳиндустон бо сафари нахустини расмӣ ба Тоҷикистон меояд

Нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ рӯзҳои 11-12 июл бо сафари нахустини расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Ба гуфтаи манбаъ, зимни ин сафар дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода, раиси палатаи болоии парлумони кишвар Маҳмадсаид Убайдуллоев дар назар аст. […]

Аваз Юлдошев



Нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ рӯзҳои 11-12 июл бо сафари нахустини расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, зимни ин сафар дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода, раиси палатаи болоии парлумони кишвар Маҳмадсаид Убайдуллоев дар назар аст.

«Зимни гуфтушунидҳо баррасии масоили густариши ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Хиндустон дар бахшҳои иқтисоду энергетика, амният, кишоварзӣ, фарҳанг ва илм пешбинӣ шудааст», – қайд кард манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.