Оғози имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар Тоҷикистон

Имрӯз дар 36 маркази имтиҳонии ҷойгир дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳо (кластер)-и 1‑ум имтиҳони қисм (компонент)-и А оғоз шуд. Бино ба маълумоти Маркази миллии тестии назди президенти ҶТ , дар 15 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 41 маркази имтиҳонӣ таъсис дода шудааст ва вобаста аз шумораи умумии довталабони ҳар як гурӯҳи ихтисосҳо теъдоди марказҳои […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар 36 маркази имтиҳонии ҷойгир дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳо (кластер)-и 1‑ум имтиҳони қисм (компонент)-и А оғоз шуд.

Бино ба маълумоти

Маркази миллии тестии назди президенти ҶТ

, дар 15 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 41 маркази имтиҳонӣ таъсис дода шудааст ва вобаста аз шумораи умумии довталабони ҳар як гурӯҳи ихтисосҳо теъдоди марказҳои имтиҳонии дар рӯзҳои аз 1‑ум то 12‑уми июл фаъолият мекарда гуногун аст.

Дар рӯзи аввал мувофиқи маълумоти оморӣ 11 ҳазору 113 довталаби гурӯҳи ихтисосҳои 1‑ум дар имтиҳони қисми А бояд иштирок намоянд. Теъдоди умумии довталабони дар ду давра азқайдгузашта зиёда аз 73 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ вобаста аз навъи ихтисоҳо имтиҳони қисми А (имтиҳони умумӣ), имтиҳони қисми Б (имтиҳони ихтисос) ва имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳоратро дар бар мегиранд. Имтиҳони қисми А ва имтиҳони қисми Б-ро Маркази миллии тестӣ ва имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳоратро муассисаҳои таълимии дахлдор баргузор менамоянд.

Имтиҳони қисми А, ки дар давоми 6 рӯзи аввал (аз 1‑ум то 6‑уми июл) барои ҳар як гурӯҳи ихтисосҳо доир гардида, барои ҳамаи довталабон ҳатмӣ ба ҳисоб меравад, 3 субтест – 1) забони тоҷикӣ, 2) математика ва 3) таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқро дар бар мегирад.

Имтиҳони қисми Б, ки дар давоми 6 рӯзи баъдӣ (аз 7‑ум то 12‑уми июл) барои ҳар як гурӯҳи ихтисосҳо доир мегардад, аз 3 субтест иборат буда, фанҳои имтиҳонии он аз гурӯҳи ихтисосҳо вобаста аст.

Ёдрас мешавад, ки барои субтестҳои қисми А шумораи имконпазири ҳадди аксари бал 200 ва барои субтестҳои қисми Б шумораи имконпазири ҳадди аксари бал 300 аст. Шумораи умумии имконпазири ҳадди аксари бал барои ҳар ду қисми имтиҳон 500 аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.