Санаи интихоботи президенти Беларус таъин шуд



Интихоботи президенти Ҷумҳурии Белорус 11 октябри ҳамин сол доир мегардад.

Чунин қарор чанде пеш дар ҷаласаи Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии ин кишвар қабул гардид. Тибқи Қонуни асосии Беларус, президент дар ин кишвар ба муҳлати панҷ сол интихоб ва пас аз савганд ёд кардан ба фаъолияташ шурӯъ мекунад.

Хабаргузории ТАСС дар ин робита менависад, тибқи ваъдаи президенти Беларус  Александр Лукашенко интихобот  шафофу кушод ва тибқи қавоиди байналмилалӣ гузаронида хоҳад шуд.

Қаблан Лукашенко ишора карда буд, ки дар маъракаи интихоботи президентӣ ширкат хоҳад варзид. Вай солҳои 1994,2001-ум, 2006-ум ва 2010-ум сарвари ин давлат интихоб шудааст.

 

spot_imgspot_img

Популярное