Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номзадии Бейшенбой Жунусов ба вазифаи директори Маркази минтақавии иттилоотии ҳамоҳангсозии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои он дар Осиёи Марказӣ (ЦАРИКЦ)-ро маъқул шуморид.
Бино ба
маълумоти
хадамоти матбуоти президети Қирғизистон, Бейшенбой Жунусов директори ин марказ таъин шуда, номзадии ӯ аз ҷониби президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев пешбарӣ ва аз ҷониби сарони кишварҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон тасдиқ ва маъқул шуморида шудааст.
Зикр мегардад, ки то таъин шудан ба ин мансаб Б.Жунусов ба ҳайси котиби Шӯрои мудофиаи Қирғизистон ва мансабҳои раҳбарӣ дар низоми мақомоти амнияти миллии Қирғизистон фаъолият доштааст.



