Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди ҷашни миллии Ҷумҳурии Беларус ба президенти ин кишвар Александр Лукашенко барқияи табрикӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки Беларус дар миёни авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми муҳим дорад.
«Мехоҳам қаноатмандии амиқи худро аз раванди рушди робитаҳои мутақобилан муфиди анъанавию дӯстонаи Тоҷикистону Беларус дар ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ махсус таъкид намоям», – оамадааст дар барқия.
Гуфта мешавад, Тоҷикистон ба муносибатҳо бо Беларус бо хушбинӣ назар намуда, барои тавсеа ва таҳкими минбаъдаи он ҷиҳати беҳбуди кишварҳо ва мардуми ҳарду кишвар тамоми корҳоро бо бовари комил анҷом медиҳад.



