Дар вохӯрии намояндагони мақомоти марзбонӣ ва прокуратураҳои ҳарбии Қирғизистону Тоҷикистон дар ноҳияи Ботканди кишвари ҳамсоя ҷонибҳо бобати аз ҷониби ҳар кадоме аз тарафҳо таҳқиқ кардани ҳодисаи муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 6 июл дар қитъаи баҳсноки марз, ки ба ҳалокати шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистон боис гардид, ба мувофиқа расиданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, ҷонибҳо ҳамчунин оид ба табодули маълумот дар бораи натиҷаҳои тафтишҳои гузаронидашуда тавофуқ ҳосил намуданд. «Тарафҳоро лозим аст, ки аз силоҳи кадом ҷониб захми марговар гирифтани шаҳрванди Тоҷикистонро муайян созанд», – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи манбаъ, тарафҳо ҳамчунин бобати баргузор намудани машғулиятҳои иловагӣ миёни марзбонони ҳарду ҷониб оид ба рафтору муносибат дар хатти марз низ гуфтушунид карданд.
Мақомоти ҳокимияти маҳаллии Тоҷикистону Қирғизистон бо сокинони маҳаллаҳои аҳолинишини наздимарзии ҳарду кишвар вохӯриву суҳбатҳо доир намуда, аз онҳо даъват доранд, ки ба иғвогариву эҳсосоти барзиёд дода нашаванд.
Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми рӯзи 6 июл дар қитъаи баҳсноки марзи Тоҷикистону Қирғизистон
муноқишаи мусаллаҳона рух дода
, бар асари он як тоҷикистонӣ ҳалок шуд.
Ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев шоми рӯзи 6 июл
ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд раҳсипор шуд,
то ки аз наздик ба ҳаллу фасли мусолиматомези ин масъала расидагӣ кунад.
Қобили зикр аст, ки масофаи марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон 970 километрро ташкил дода, 519 километри он (ҳудуди 60 қитъа) дар сатҳи ҳайатҳои давлатӣ таъйину аломатгузорӣ ва тасдиқ шудааст. Дар 58 қитъаи боқимондаи баҳсноки марз гоҳ-гоҳ бо истифода аз силоҳ муноқишаҳо рух медиҳанд.



