Дар ҷамоати Равшани ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд як кӯдаки 2-сола аз зарбаи ҷараёни барқ ба ҳалокат расид.
Роҳбари маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд Акбар Шарифов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чанде қабл ин кӯдак ҳангоми бозӣ бо васлаки барқӣ (розетка) дар манзили зисташон аз зарбаи ҷараёни барқ ҳалок шудааст.
Гуфта мешавад, ин ҳангом волидон ва наздикони фавтида кӯдакро беназорат гузошта будаанд.



