Тоҷикистону Қирғизистон оташкушоӣ дар марз ба сарҳадбононро манъ карданд

Фармондеҳони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Қирғизистон Раимбердӣ Дуйшенбиев рӯзи 9 июл дар Исфара протоколи муштарак ба имзо расониданд, ки мутобиқи он ҷонибҳо ба роҳ надодан ба оташкушоӣ аз силоҳ дар сурати рух додани ҳодисаҳои ғайриинтизор дар марзи ҳарду кишвар уҳдадор шуданд. Тавре як манбаъ аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар […]

Аваз Юлдошев



Фармондеҳони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Қирғизистон Раимбердӣ Дуйшенбиев рӯзи 9 июл дар Исфара протоколи муштарак ба имзо расониданд, ки мутобиқи он ҷонибҳо ба роҳ надодан ба оташкушоӣ аз силоҳ дар сурати рух додани ҳодисаҳои ғайриинтизор дар марзи ҳарду кишвар уҳдадор шуданд.

Тавре як манбаъ аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ҷонибҳо уҳдадор шудаанд, ки аз силоҳи оташфишон нисбати шаҳрвандони мулкӣ ва кормандони сохторҳои қудратии машғул ба адои хизмат дар марз истифода накунанд.

Ёдрас мекунем, ки аз 7 то 10 июл намояндагони мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба муноқишаи рухдода дар марзи ҳарду давлат рӯзи 6 июл, ки бар асари он шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистон захми марговар гирифт, гуфтушунид доштанд. Ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев ҷиҳати ҳаллу фасли ин масъала шоми рӯзи 6 июл ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд

раҳсипор шуда буд.

Қобили зикр аст, ки масофаи марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон 970 километрро ташкил дода, 567 километри он (ҳудуди 60 қитъа) дар сатҳи ҳайатҳои давлатӣ таъйину аломатгузорӣ ва  тасдиқ шудааст. Дар 58 қитъаи боқимондаи баҳсноки марз гоҳ-гоҳ бо истифода аз силоҳ муноқишаҳо рух медиҳанд.

Масалан, 10 июли соли 2014 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон якбора 2 муноқишаи мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваста, бар асари он 7 шаҳрванд ва 3 марзбони Тоҷикистон захмӣ ва баъдан 1 тан аз шаҳрвандон ҳалок шуда, як марзбони қирғиз низ осеб дид.

Ахири моҳи марти соли 2015 марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон тавофуқ ҳосил карда буданд, ки бидуни таҳдиди бевосита ба амнияи давлатҳо, дигар алайҳи шаҳрвандон аз силоҳ истифода намекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.