Агентии зиддифасод аз боздошти пайравони ҲИӮ дар Суғд хабар медиҳад



Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳи эҳтимолии пайравони Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Торнамои расмии Агентӣ дар шарҳи ин маълумот менависад, зимни чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд, аз манзили сокини ҷамоати Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров Маҳкамбой Анорқулов микрокартаи хотиравӣ бо сабтҳои аудио ва видиоии даъвати амири ҲИӮ Муҳаммад Тоҳир ва дигар аъзои он дарёфт ва гирифта шудааст.

«Дар рафти санҷиш муайян карда шуд, ки микрокартаи хотиравии дарёфтгардида ба Муҳаммадшодӣ Ғафурҷонов, сокини деҳаи Ӯзбекқишлоқи ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷ.Расулов тааллуқ дорад», – баён мегардад дар хабари Агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, эҳтимол меравад, М.Ғафурҷонов ният доштааст, ки маъвиза ва даъватҳои амири ҲИӮ Муҳаммад Тоҳирро бо мақсадҳои ифротгароӣ дар Тоҷикистон истифода кунад ва ба ин хотир бо ҳамдиёри дар Сурия ҷангандаи худ бо номи «Ӯрунбек» шинос шуда, аз ӯ дар масъалаҳои ҷалби ҷавонони Суғд ба афкори ифротгароёна машварат мепурсидааст.

Таъкид мешавад, ки М.Ғафурҷонов нусхаҳои наворҳои видео ива сабтҳои аудиоро дар дасти ҳамдиёрони худ Рӯзиев Азизҷон, Иброҳим Ашрафов ва «Мурод» нигоҳ медоштааст, ки онҳо дар навбати худ аз мазмуни ифротгароёна доштани ин мавод огаҳ буда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин бора хабар надодаанд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин аз манзили истиқоматии М.Ғафурҷонов як адад ноутбуки тамғаи “ACER” мусодира шудааст, ки дар он файлҳо бо даъватҳо ба ҷиҳод ва дигар маводи ифротароёна, аз ҷумла файлҳо бо даъвати сарнагун кардани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон маҳфуз будаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати Муҳаммадшодӣ Ғафурҷонов мутобиқи модадҳои 187, қ. 1 (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ва 307, қ. 2 (Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва нисбати Азизҷон Рӯзиев ва дигарон мутобиқи моддаи 347, қ. 1 (Хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное