Интиқоди раиси шаҳри Турсунзода аз саҳлангории роҳсозони чинӣ

Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Турсунзода саҳлангории раҳбарияти ташкилоти паймонкори сохтмони роҳи Душанбе – Турсунзода – марзи Ӯзбекистонро мавриди интиқод қарор дода, зикр кард, ки корҳо дар сохтмони ин роҳ бо сифати паст ва беинсофона ба иҷро расидаанд. Ӯ бунёди ду пул дар болои дарёи Қаратоғ дар қитъаи Батошро мисол овард, ки зери онҳо ба масофаи […]

Сайфиддин Қараев



Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Турсунзода саҳлангории раҳбарияти ташкилоти паймонкори сохтмони роҳи Душанбе – Турсунзода – марзи Ӯзбекистонро мавриди интиқод қарор дода, зикр кард, ки корҳо дар сохтмони ин роҳ бо сифати паст ва беинсофона ба иҷро расидаанд.

Ӯ бунёди ду пул дар болои дарёи Қаратоғ дар қитъаи Батошро мисол овард, ки зери онҳо ба масофаи даҳҳо метр оби дарё соҳилҳоро шустааст.

«Ҳангоми сохтмони пул ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир накардаанд. Вақте мо лоиҳаро талаб кардем, онро ба мо нишон надоданд. Тамоми камбудиҳои роҳро ба виҷдони Вазорати нақлиёт ва ширкати Чин ҳавола мекунем», – гуфт Саломзода зимни нишасти хабарӣ.

Қобили зикр аст, ки бино ба маълумоти Маркази амалисозии лоиҳаҳо, даҳаи аввали моҳи июли соли ҷорӣ Комиссияи давлатии корӣ бояд роҳи Душанбе – Турсунзода – марзи Ӯзбекистонро қабул мекард.

Моҳи январи ҳамин сол зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар ин роҳ нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода сифати иҷрои корҳо дар баъзе қитъаҳои роҳро

мавриди интиқоди шадид қарор дода,

аз шахсони масъул талаб карда буд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ин камбудиҳоро бартараф созанд.

Ахири моҳи декабри соли гузашта иттилоъ дода будем, ки амалисозии қисмати якуми лоиҳа бо масофаи 56,9 км аз дарвозаҳои ғарбии шаҳри Душанбе то марзи Ӯзбекистон дар арафаи анҷомёбӣ буда, татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода – марзи Ӯзбекистон 

аввали соли равон

 оғоз мегардад.

Масофаи умумии роҳ 61,5 километр аст. Паймонкори кулли лоиҳа ширкати «Чайна роуд»-и Чин аст. Барои таъмиру азнавсозии роҳи мазкур дар маҷмӯъ 131,3 млн. доллари ИМа ҷудо гардид, ки 120 млн. доллари ИМА – бурси БОР ва 11,3 млн. – ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Лоиҳаи таҷдиду бозсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон аз ду қисмат иборат аст. Қисмати якум – таҷдиди роҳ бо масофаи 4,6 км аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаҳои ғарбии пойтахт ва қисмати дуюм бо масофаи 56,9 км аз дарвозаҳои ғарбии шаҳри Душанбе то марзи Ӯзбекистонро дарбар мегирад.

Пас аз таҷдид қисмати роҳ аз Душанбе то Турсунзода чорхатта ва бари роҳ 25 метр мешавад. Қисмати роҳи аз Турсунзода то марзи Ӯзбекистон духатта ва бараш 15 метр хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.