Зимни нишасти хабарии ҷамъбасти нимсола сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майори милиса Шариф Назарзода иттилоъ дод, ки мутобиқи маълумоти фаврӣ айни замон дар даргириҳои мусаллаҳона дар Сурия 90 сокини вилоят ҳузур доранд.
Ба гуфтаи ӯ, аз ин шумор 23 нафар бо оилаҳояшон ва 37 нафар бо фарзандони ноболиғи худ ба Сурия раҳсипор шудаанд.
«Нисбати 57 тан аз онҳо мутобиқи моддаи 401, прим. 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 41 нафари онҳо расман мавриди ҷустуҷӯ эълон шудаанд», – афзуд ӯ.



