Шиносоии Э.Раҳмон бо рафти корҳои сохтмону барқарорсозӣ дар нерӯгоҳи Роғун

Дар доираи сафар ба шаҳри Роғун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо рафти корҳои барқарорсозӣ ва суҳбат бо бинокорони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба мавзеи бунёди ин иншоот ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар нерӯгоҳ аз тамоми қитъаҳои сохташавандаи рӯизаминӣ ва иншооти асосии зеризаминӣ боздид намуд. Аз […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар доираи сафар ба шаҳри Роғун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо рафти корҳои барқарорсозӣ ва суҳбат бо бинокорони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба мавзеи бунёди ин иншоот ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар нерӯгоҳ аз тамоми қитъаҳои сохташавандаи рӯизаминӣ ва иншооти асосии зеризаминӣ боздид намуд. Аз сифати хуби корҳои барқарорсозӣ, идомаи сохтмон ва табъу руҳияи баланди бунёдкорони ин иншоот аён гашт, ки дастуру ҳидоятҳои президенти мамлакатро оид ба устувору босифат анҷом додани ҳар як амал сармашқи кори худ кардаанд.

Гуфта мешавад, ин ташрифи сарвари давлат идомаи сафарҳои қаблӣ ба маҳалли бунёди НБО Роғун буда, дар рафти он Президенти мамлакат бо коргарону мутахассисони сершумори ин нерӯгоҳ суҳбатҳо доир намуд.

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид дошт: «Ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд хуб эҳсос намояд, ки нерӯгоҳи Роғун барои садсолаҳо пешбинӣ шудааст ва сифати корҳо бояд ба ин ҳадафи воло мутобиқ бошад». Президенти кишвар ҳамчунин изҳор дошт, ки: «Нерӯгоҳи Роғун бояд асрҳо ба мардуми Тоҷикистон ва кулли минтақа хизмат карда, танҳо манфиат расонад ва ҳеҷ зиёне надошта бошад».

Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки ҶСК НБО Роғун ҳамчун фармоишгар назорат ва таъмини корҳои сохтмону барқарорсозии иншоотро дар асоси маводи лоиҳавӣ анҷом дода, ҳамкориро бо пудратчиёну зерпудратчиён дар сатҳи лозимӣ ба роҳ мондааст.

Зикр мегардад, ки корҳои сохтмону васлгарӣ ва таъмиру барқарорсозӣ дар иншооти НБО Роғун мутобиқи ҷадвали тақвимии баистифодадиҳии навбати аввали нерӯгоҳ ҷараён дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.