Тӯли ним сол Афғонистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 800 ҳазор $ кумак кард

Тӯли ним соли соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 21,1 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардид. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии ҳудуди 8,6 ҳазор тонна аз 31 кишвари дунё ба Тоҷикистон ворид шудааст. Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз […]

Пайрав Чоршанбиев



Тӯли ним соли соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 21,1 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардид.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии ҳудуди 8,6 ҳазор тонна аз 31 кишвари дунё ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба Олмон – 39,8% рост меояд.

Ба иттилои манбаъ, аз ҳаҷми умумии кумаки башардӯстонаи ба ҷумҳурӣ воридгардида ҳиссаи Нидерланд – 12,4%, Дания – 8,7%, Аморати Муттаҳидаи Араб – 8,1%, Австрия – 4,3%, Афғонистон – 4,0%, Ҳиндустон – 3,4%, Латвия – 3,2%, Эрон ва Кувайт – 2,3%-ӣ, Чин – 1,8%, Юнон ва Норвегия – 1,3%-ӣ, Фаронса – 1,2%-ро ташкил дода, дар ин давра ба Тоҷикистон боз як қатор кишварҳои дигар низ кумак кардаанд.

Қобили зикр аст, ки муддати 35 сол аст, ки дар Афғонистон бидуни танаффус даргириҳои мусаллаҳона идома доранд. Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон тез-тез хотиррасон мекунанд, ҳудуди 5 сол идома дошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.