Дар ним сол ба Буҷети давлатӣ ҳудуди 230 млн. сомонӣ камтар маблағ ворид шуд

Дар ҷаласаи ҳайати мушовара (коллегия)-и Вазорати молияи Тоҷикистон натиҷаҳои иҷрои буҷети давлатии кишвар дар нимсолаи аввали соли 2015 ва вазифаҳои минбаъда оид ба рушд ва идоракунии пурсамари захираҳои молии давлатӣ баррасӣ шуданд. Тибқи маълумоти фаврии Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон 6 млрд. 311,3 млн. сомониро ташкил додааст. […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар ҷаласаи ҳайати мушовара (коллегия)-и Вазорати молияи Тоҷикистон натиҷаҳои иҷрои буҷети давлатии кишвар дар нимсолаи аввали соли 2015 ва вазифаҳои минбаъда оид ба рушд ва идоракунии пурсамари захираҳои молии давлатӣ баррасӣ шуданд.

Тибқи маълумоти фаврии Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон 6 млрд. 311,3 млн. сомониро ташкил додааст. «Ин нишондиҳанда ба 96,3%-и нақша баробар аст», – иттилоъ доданд ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ.

Қобили зикр аст, ки қаблан вазири молия Абдусалом Қурбониён аз иҷрои буҷети кишвар норозигӣ изҳор намуда, ба масъулин дар ин самт вазифаҳои мушаххас дода буд. Ӯ зикр карда буд, ки «роҳбарони мақомоти молия ва ташкилотҳои зертобеъи вазорат бояд барои иҷрои вазифаҳои наздашон гузоштаи ҳукумат ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ диҳанд».

Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015 дар ҳаҷми 15 млрд. 278 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли гузашта ба миқдори 10% бештар аст.

Ҳаҷми ҳадди ниҳоии каср (дефитсит)-и Буҷети давлатӣ дар соли равон ба андозаи 0,5%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ба маблағи 264,1 млн. сомонӣ) тасдиқ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли 2014 ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз 13,3 млрд. сомониро ташкил дода, аз нақша 2,7% зиёдтар буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.