Ҳалокати 23 нафар дар задухӯрд миёни низомиёни Ироқ ва ҷангиёни ДИИШ

Дар наздикии пойтахти Ироқ – шаҳри Бағдод миёни нерӯҳои ҳарбии кишвар ва ҷангиёни гурӯҳи ба ном «Давлати исломии Ироқу Шом» (ДИИШ) даргирии мусаллаҳона бархоста, бар асари задухӯрд 23 нафар ба ҳалокат расид. Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони Ҷаҳоннамо», дар қисми шимолии шаҳри Фалуҷаи мамламкат бошад, муҳорибаҳои шадид миёни сарбозони Артиши миллии Ироқ ва […]

ASIA-Plus



Дар наздикии пойтахти Ироқ – шаҳри Бағдод миёни нерӯҳои ҳарбии кишвар ва ҷангиёни гурӯҳи ба ном «Давлати исломии Ироқу Шом» (ДИИШ) даргирии мусаллаҳона бархоста, бар асари задухӯрд 23 нафар ба ҳалокат расид.


Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони Ҷаҳоннамо», дар қисми шимолии шаҳри Фалуҷаи мамламкат бошад, муҳорибаҳои шадид миёни сарбозони Артиши миллии Ироқ ва силоҳбадастони гурӯҳи ифротгарои ба ном «Давлати исломӣ» идома дорад.

Гуфта мешавад, дар ин ҷо ҷангиёни ифротӣ ба муҳосираи сарбозон афтоданд. Ҷангиён баъди ба муҳосира афтодан сокинони маҳаллиро чун сипари зинда истифода карда, ҷойҳои муқаддасро минагузорӣ намуданд. Низомиёни давлатӣ роҳҳои баромади ифротгароёнро аз чор тараф маҳдуд сохтаанд. Ба майдони набард техникаи вазнини ҷангӣ сафарбар карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки тибқи маълумоти расида, дар охирин набардҳо дар қисми шимолии шаҳри Рамоди 27 аъзои гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» нобуд карда шудааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.