Коршинос: Ба ивази муҳоҷирони ИДМ, муҳоҷирони Чину Ҳиндустон ба Русия меоянд

Директори Маркази таҳқиқот оид ба муҳоҷирати Русия Дмитрий Полетаев бар ин назар аст, ки бо вуҷуди ҷой доштани андешаҳои гуногун ва сарфи назар аз «хурӯҷи сармоя»-и зоҳирӣ, фаъолияти муҳоҷирон ба иқтисоди Русия таъсири мусбат дорад. «Муҳоҷирон комилан ҳуқуқ доранд, ки пулҳои коркардаашонро ба кишварҳои худ фиристанд. Ҳеҷ касе интизор нест, ки муҳоҷирон ин ҷо ройгон […]

Пайрав Чоршанбиев



Директори Маркази таҳқиқот оид ба муҳоҷирати Русия Дмитрий Полетаев бар ин назар аст, ки бо вуҷуди ҷой доштани андешаҳои гуногун ва сарфи назар аз «хурӯҷи сармоя»-и зоҳирӣ, фаъолияти муҳоҷирон ба иқтисоди Русия таъсири мусбат дорад.

«Муҳоҷирон комилан ҳуқуқ доранд, ки пулҳои коркардаашонро ба кишварҳои худ фиристанд. Ҳеҷ касе интизор нест, ки муҳоҷирон ин ҷо ройгон кор хоҳанд кард. Аммо нисбат ба коргарони маҳаллӣ онҳо камтар музд мегиранд. Ана ҳамин қисмати «пардохтнашуда» ба онҳо дар Русия боқӣ мемонад. Аз лиҳози иқтисодӣ ин ба Русия фоидаовар аст. Ғайр аз ин, интиқоли ин маблағҳо ба таҳкими дӯстӣ миёни кишварҳо мусоидат мекунанд», – гуфтааст Полетаев дар

мусоҳиба

  ба Радиои СММ.

Ӯ бовар дорад, ки барои Русия қувваи кории хориҷӣ беҳад зарур аст. «Вақте ба ман мегӯянд, ки ба мо муҳоҷирон лозим нестанду сари ин мавзӯъ умуман набояд ҳарф зад, ман кӯшиш мекунам бифаҳмонам, ки аввалаш захираҳои дохилии мо хеле ночиз аст ва Русия ҳамасола миллион нафар аҳолии коршоямро талаф медиҳад», – қайд кардааст Полетаев.

«Аз тарафи дигар, – идома додааст ӯ. – агар мо ҳозир ба рад кардани муҳоҷирон аз ИДМ шурӯъ намоем, онҳо ба кишварҳои дигар мераванд ва дар ин ҳол мо бо захираҳои дигар мемонем: масалан бо муҳоҷирон аз Чин ё Ҳиндустон. Ин муҳоҷиронро ба Русия ва Русияро ба онҳо мутобиқ кардан мушкилтар аст, зеро мо бо онҳо гузаштаи умумии таърихӣ надорем. Бо муҳоҷирони кишварҳои узви ИДМ мо ин умумиятро дорем, зеро бо онҳо як ҷанги умумиро паси сар карда, падарону бобоҳои мо ҳамроҳ ҷангиданд ва ин як фарҳанги умумии шӯравӣ буд, ки аксаран  ҳам ба мо ва ҳам ба онҳо фаҳмо буд. Ман гумон мекунам, ки инро набояд нодида гирифт».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.