Ҷаримаи модари раққосаи 14-солаи маҳфилҳои шабона

Суди ноҳияи Синои пойтахт модари духтари ноболиғро, ки ба ҷойи дарсҳо дар маҳфилҳои шабона рақс мекард, ҷарима баст. Дар ин бора портали «Диалог» хабар медиҳад. Бино ба иттилои манбаъ, ҳаҷми ҷарима се нишондиҳандаи ҳисоб ё худ 120 сомониро ташкил додааст. Тибқи маълумоти суд, хонандаи синфи 7-уми мактаби рақами 26-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 1 то […]

ASIA-Plus



Суди ноҳияи Синои пойтахт модари духтари ноболиғро, ки ба ҷойи дарсҳо дар маҳфилҳои шабона рақс мекард, ҷарима баст. Дар ин бора портали «Диалог» хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳаҷми ҷарима се нишондиҳандаи ҳисоб ё худ 120 сомониро ташкил додааст.

Тибқи маълумоти суд, хонандаи синфи 7-уми мактаби рақами 26-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 1 то 15 апрел ба дарсҳо ҳозир нашуда, дар яке аз маҳфилҳои шабонаи пойтахт ба раққосагӣ машғул будааст.

«Манбаъ ҳамчунин илова намуд, ки суд модари духтари ноболиғро дар иҷро накардани ӯхдадориҳои тарбиявӣ мутобиқи моддаи 90-и Кодекси маъмурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ӯро ба 3 нишондиҳандаи ҳисоб ба маблағи 120 сомонӣ (ҳудуди 18 $) ба нафъи давлат ҷарима кардааст», – менависад портал.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.