Имсол Тоҷикистон ҳудуди 400 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оварданист

Кишоварзони тоҷик ният доранд, ки имсол на камтар аз 390 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оранд. Вазири кишоварзии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокиров зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита иттилоъ дод, ки то 1 июн ба хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ дар майдони ҳудуди 162 ҳазор гектар анҷом додани кишти пунбадона муяссар гардидааст, ки ҳамагӣ 90,2% аз […]

Пайрав Чоршанбиев



Кишоварзони тоҷик ният доранд, ки имсол на камтар аз 390 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оранд.

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокиров зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита иттилоъ дод, ки то 1 июн ба хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ дар майдони ҳудуди 162 ҳазор гектар анҷом додани кишти пунбадона муяссар гардидааст, ки ҳамагӣ 90,2% аз майдони пешбинишударо ташкил медиҳад ва дар муқоиса бо соли гузашта майдони кишти пунбадона имсол қариб ба андозаи 17,4 ҳазор гектар кам шудааст.

Ба гуфтаи вазир, ба кам шудани майдони кишти пунбадона боришоти зиёд дар нимсолаи аввали соли равон боис шудааст.

Ӯ қайд кард, ки аз ҷониби вазорат гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, айни замон онҳо ҳаҷми зарар дар робита ба «обуҳавои номуосид»-ро муайян мекунанд. М.Зокиров таъкид дошт, ки танҳо баъди анҷоми ин корҳо, оид ба рақамҳои мушаххаси ҳосили пешбинишавандаи пахта маълумот дода хоҳад шуд. «Дар ҳама гуна ҳолат, интизорӣ дорем, ки на камтар аз ҳаҷми ҳосили соли гузашта пахта ҷамъоварӣ кунем», – афзуд ӯ.

Ёдрас мекунем, ки соли 2014 дар саросари кишвар дар майдони умумии ҳудуди 178 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, наздики 390 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.