Сохтмони бинои ШВКД-и Хоруғ дар арафаи анҷомёбист

Дар ҷараёни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода бо ҷараёни корҳои сохтмон дар бинои нави Шуъбаи ВКЛ дар шаҳри Хоруғ аз наздик ошно гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, тарҳи бинои ояндаи ШВКД бо назардошти шароитҳои ба талаботи замона ҷавобгӯ омода гашта, корҳои сохтмонии ин иншоот […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар ҷараёни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода бо ҷараёни корҳои сохтмон дар бинои нави Шуъбаи ВКЛ дар шаҳри Хоруғ аз наздик ошно гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, тарҳи бинои ояндаи ШВКД бо назардошти шароитҳои ба талаботи замона ҷавобгӯ омода гашта, корҳои сохтмонии ин иншоот босуръат идома доранд. «Масолеҳи сохтмонӣ сари вақт таъмин гашта, сохтмончиён кӯшиш доранд, иншоотро дар мӯҳлати пешбинишуда сохта, ба истифода диҳанд», – омадааст дар хабари вазорат.

Гуфта мешавад, вазири корҳои дохилӣ оид ба ҷоннок намудани корҳои сохтмонӣ ва диққати бештар додан ба сатҳу сифати он ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои иловагӣ дод.

Қобили зикр аст, ки сафари кории вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода ба ВМКБ аз 18 июл ҷараён дорад.

Ёдрас мекунем, ки бинои пешинаи ШВКД-и шаҳри Хоруғ ҳангоми бетартибиҳои оммавии моҳи майи соли 2014 дар шаҳр пурра ба коми оташ рафта буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.