Зайд Саидов: Гуноҳи ман ин аст, ки тоҷик зода шудааму тоҷири муваффақ будам

Соҳибкори ба 26 соли зиндон маҳкумшуда Зайд Саидов зимни суханронӣ дар мурофиаи додгоҳӣ оид ба баррасии парвандаи иқтисодӣ нисбати ӯ изҳор намуд, ки ин мурофиа идомаи мантиқии айбномаҳои аввал аст. «Гуноҳи ман ин аст, ки тоҷик зода шудааму тоҷири муваффақ будам», – гуфт ӯ. Хешону наздикони соҳибкор ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки мурофиаи судии сайёри […]

Мавзуна Абдуллоева



Соҳибкори ба 26 соли зиндон маҳкумшуда Зайд Саидов зимни суханронӣ дар мурофиаи додгоҳӣ оид ба баррасии парвандаи иқтисодӣ нисбати ӯ изҳор намуд, ки ин мурофиа идомаи мантиқии айбномаҳои аввал аст. «Гуноҳи ман ин аст, ки тоҷик зода шудааму тоҷири муваффақ будам», – гуфт ӯ.

Хешону наздикони соҳибкор ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки мурофиаи судии сайёри Суди олӣ дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҶТ пушти дарҳои пӯшида мегузарад. Матни суханронии Зайлд Саидов қариб аз 100 саҳифа иборат буда, ӯ муддати 3 рӯз онро қироат намудааст.

Соҳибкор зимни суханрониаш бори навбатӣ ҳамаи айбномаҳо нисбати худро рад карда, изҳор доштааст, ки ҳанӯз то замони ба мансаба вазир таъин шуданаш, ӯ ба тиҷорат машғул буд ва ҳамаи амволашро замони соҳибкориаш ба даст овардааст. Зайд Саидов аз суд дархост намудааст, ки ҳангоми содир кардани ҳукм ҳамаи ин лаҳзаҳо ба инобат гирифта шавад.

Дар назар аст, ки рӯзи 23 июл Зайд Саидов сухани ниҳоии худро ироа дошта, пас аз ин оид ба қисмати иқтисодии парванда ҳукми суд содир мешавад.

Ёдрас мекунем, ки

айбдоркунандаи давлатӣ дар ин парванда аз суд дархост намуд

, ки Зайд Саидов боз ба 25 соли дигари зиндон ва пардохти ҷарима ба маблағи 34 млн. сомонӣ  ва ҳамчунин мусодираи тамоми амволаш маҳкум карда шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.