Бонки миллӣ воситаҳои боз 2 бонки дигари Чинро ҷалб карданист

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) воситаҳои боз 2 бонки дигари Чинро ҷалб карданист. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарии рӯзи 21 июл дар ин робита ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки ҷиҳати ҷалби воситаҳои пулии Бонки мардумии Чин ва Бонки аграрии Чин гурӯҳи кории БМТ ба ин кишвар сафар кардааст. Нурмаҳмадзода қайд кард, […]



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) воситаҳои боз 2 бонки дигари Чинро ҷалб карданист.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарии рӯзи 21 июл дар ин робита ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки ҷиҳати ҷалби воситаҳои пулии Бонки мардумии Чин ва Бонки аграрии Чин гурӯҳи кории БМТ ба ин кишвар сафар кардааст.

Нурмаҳмадзода қайд кард, ки бо дастури президенти мамлакат ҳамчунин гуфтушунидҳо оид ба ҷалби воситаҳои Бонки давлатии рушди Чин

дар ҳаҷми 500 млн. доллари ИМА

низ идома доранд.

Ӯ таъкид дошт, ки ин воситаҳо ба қарзи бернии Тоҷикистон «ҳеҷ муносибате» нахоҳанд дошт. «Мо ин воситаҳоро бо кафолати давлат намегирем ва ба он танҳо ташкилотҳои қарзии мо вобаста мешаванд», – иброз дошт вай.

Номбурда ҳамчунин изҳор намуд, ки муомилот бо ташкилотҳои қарзии Чинро БМТ бо усули пардохтҳои бисёрмуҳлат бо асъори милли ҳарду кишвар (усули своп) ба роҳ монданист. «Айни замон Чин шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, аз ин рӯ, мо ин усулро роҳандозӣ карданием», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки истифодаи воситаҳои ҷалбмешудаи ташкилотҳои қарзии Чин барои дастгирии қурби сомонӣ, тавозуни пардохтпазирии бонк ва ҳамчунин қарздиҳӣ ба тиҷорати хурду миёна тариқи бонкҳои сатҳи дуюм пешбинӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.