Қирғизистон созишномаи ҳамкорӣ бо ИМА-ро бекор кард

Ҳукуматдорони Қирғизистон созишномаи ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз соли 1993-ро расман бекор намуданд. Хабаргузории РБК дар ин робита менависад, нахуствазири Қирғизистон Темур Сариев қарор дар бораи бекор кардани созишнома бо ИМА аз соли 1993-ро тасдиқ кардааст. Дар ин бора дар сомонаи ҳукумати Қирғизистон низ иттилоъ дода мешавад. Гуфта мешавад, ин санад аз 20 августи […]



Ҳукуматдорони Қирғизистон созишномаи ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз соли 1993-ро расман бекор намуданд.

Хабаргузории

РБК

дар ин робита менависад, нахуствазири Қирғизистон Темур Сариев қарор дар бораи бекор кардани созишнома бо ИМА аз соли 1993-ро тасдиқ кардааст. Дар ин бора дар

сомонаи

ҳукумати Қирғизистон низ иттилоъ дода мешавад.

Гуфта мешавад, ин санад аз 20 августи соли 2015 мавриди амал қарор мегирад. Ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар робита ба аз ҷониби департаменти давлатии ИМА бо ҷоизаи «Муҳофизи ҳуқуқи инсон» қадрдонӣ шудани ҳомии ҳуқуқ Азимҷон Аскаров дар бораи лағви созишнома бо ИМА огаҳӣ дода буд. Аскаровро соли 2011 суди Қирғизистон ба иттиҳоми барангехтани низоъи миллӣ миёни қирғизҳову ӯзбекҳо, ки дар ҷараёни он 893 нафар ҳалок шуданд, ба ҳабси абад маҳкум карда буд.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи департаменти давлатии ИМА ба хабаргузории

ТАСС

дар ин робита гуфтааст, ИМА оқибатҳои техникии қарори якҷониба бекор шудани созишнома бо Қирғизистон аз соли 1993-ро мавриди омӯзиш қарор додааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.