Тӯли ним сол сомонӣ нисбати доллар қариб 20% беқурб шуд

Нимсолаи аввали соли ҷорӣ қурби арзи миллии Тоҷикистон (сомонӣ) нисбати доллари ИМА дар бозор ба миқдори 19,1% коҳиш ёфт. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), аз 5,4600 сомонӣ (барои 1 доллари ИМА) дар аввали соли 2015 нимсолаи аввали соли 2015 қурби сомонӣ нисбати доллари ИМА то ба 6,5300 сомонӣ поин рафта, қурби расмии сомонӣ […]



Нимсолаи аввали соли ҷорӣ қурби арзи миллии Тоҷикистон (сомонӣ) нисбати доллари ИМА дар бозор ба миқдори 19,1% коҳиш ёфт.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), аз 5,4600 сомонӣ (барои 1 доллари ИМА) дар аввали соли 2015 нимсолаи аввали соли 2015 қурби сомонӣ нисбати доллари ИМА то ба 6,5300 сомонӣ поин рафта, қурби расмии сомонӣ нисбаи доллари ИМА дар ин давра 18% – аз 5,3074 то ба 6,2602 коҳиш ёфт.

Чунин поинравии босуръати қурби арзи миллиро дар Бонки миллӣ пеш аз ҳама ба «афзоиши фишори берунаи қурбӣ, ки аз нимаи дуюми соли 2014 ба мушоҳида мерасид», марбут медонанд.

Ба гуфтаи раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода, ба босуръат поинравии қурби арзи миллӣ ҳамчунин «баъзе бозигарон» низ мусоидат намуданд, ки ин тамоилро ба нафъи худ истифода карданӣ буданд.

«Вақте ҳайати нави раҳбарият ба Бонки миллӣ омад, нафарони машғул ба муомилоти ғайриқонунии асъор ҳар гуна овозаҳоро паҳн мекарданд. Онҳо аз вазъи номуайяни мавҷудаи он замон дар бозори асъор истифода карданӣ буданд, вале ба мақсад нарасиданд», – гуфт зимни нишасти хабарии рӯзи 21 июл раиси БМТ.

Нурмаҳмадзода қайд кард, ки барои устувор гардонидани қурби сомонӣ аз ҷониби Бонки миллӣ ҳеҷ гуна дахолате (интервенсия) ба бозор сурат нагирифтааст. «Мо захираҳои асъори худро нигоҳ дошта тавонистем», – гуфт ӯ ва қайд кард, ки «барои таҳкими устувори қурби пули миллӣ ҳайати нави раҳбарияти Бонки миллӣ сиёсати дурустро роҳандозӣ кард».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.