Захираҳои тиллову асъори БМТ 450 млн. $-ро ташкил медиҳад

Ҳаҷми захираҳои тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) давоми 1 соли ахир 10,4% афзуд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарии рӯзи 21 июл дар ин робита изҳор намуд, ки ҳаҷми захираҳои тиллову асъори бонк ба ҳолати аввали нимсолаи дуюм зиёда аз 2,8 млрд. сомонӣ (ҳудуди 450 млн. доллари ИМА)-ро ташкил додааст. […]



Ҳаҷми захираҳои тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) давоми 1 соли ахир 10,4% афзуд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарии рӯзи 21 июл дар ин робита изҳор намуд, ки ҳаҷми захираҳои тиллову асъори бонк ба ҳолати аввали нимсолаи дуюм зиёда аз 2,8 млрд. сомонӣ (ҳудуди 450 млн. доллари ИМА)-ро ташкил додааст.

Нурмаҳмадзода қайд кард, ки ҳиссаи асъори хориҷӣ дар сохтори захираҳои тиллову асъор ба 15% ва ҳиссаи металлҳои қиматбаҳо ба 85% баробар аст ва ҷиҳати афзоиши ҳаҷми асъори хориҷӣ тадбирҳо андешида мешаванд. «Ҳиссаи асъори хориҷӣ дар сохтори захираҳои тиллову асъори бонк  минбаъд зиёд мешавад», – изҳори имтинон кард вай.

Дар идома ӯ изҳор дошт, ки Бонки миллӣ бо истеҳсолкунандагони ватании тилло робитаи мустақим роҳандозӣ карлданист ва бо ин мақсад бо онҳо гуфтушунидҳо ҷараён дошта, созишномаҳои иловагӣ ба имзо мерасанд.

«БМТ имкон дорад, ки захираҳои тиллову асъори худро ғанитар гардонад ва то охири сол ин захираҳоро нисбат ба нишондиҳандаи аввали соли 2015 ба миқдори 22,4% зиёд карданием», – афзуд раиси БМТ.

Нимаи дуюми моҳи июни соли равон Бонки миллии Тоҷикистон 

иттилоъ дода буд,

 ки ҳаҷми захираҳои тиллову асъор давоми 4 моҳи соли равон ба миқдори зиёда аз 20 млн. доллари ИМА афзуда, ба ҳолати 30 апрели соли 2015 ҳаҷми захираҳои тиллоию асъории БМТ  беш аз 3 млрд 151 млн. сомониро ташкил додааст, ки ин ба 503,52 млн. долл. ИМА баробар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.