Содироти барқ аз Тоҷикистон ҳудуди 10% афзуд

Тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар зиёда аз 546 млн. кВт/соат нерӯи барқ (6 моҳи соли 2014 – наздики 498 млн. кВт/соат) содирот шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,4% зиёдтар аст. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти хабарии рӯзи 22 июл дар ин робита […]

Пайрав Чоршанбиев



Тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар зиёда аз 546 млн. кВт/соат нерӯи барқ (6 моҳи соли 2014 – наздики 498 млн. кВт/соат) содирот шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,4% зиёдтар аст.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти хабарии рӯзи 22 июл дар ин робита изҳор намуд, ки нимсолаи аввал ба Афғонистон дар ҳаҷми 504 млн. кВт/соат ва Қирғизистон – каме бештар аз 40 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.

Ӯ таъкид дошт, ки айни замон дар як шабонарӯз Қирғизистон аз Тоҷикистон дар ҳаҷми то 1,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ дастрас мекунад. «Дар ин давра ширкати «Барқи тоҷик» ба хориҷи кишвар дар маҷмӯъ ба маблағи 18,9 млн. доллари ИМА нерӯи барқ содирот кард», – қайд кард Усмонзода.

Усмонзода гуфт, аз моҳи августи соли равон афзоиши ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба Афғонистон ба нақша гирифта шуда, имрӯз тақрибан 70% аз ҳаҷми умумии содироти нерӯи барқи Тоҷикистон ба ин кишвар рост меояд.

«Нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 8,6 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2014 ба андозаи 5,7% зиёдтар мебошад», – афзуд вазир.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.