Русияро ба таҳқиқи воқеъбинонаи ҳодисаи бедаракшавии мухолифи тоҷик даъват карданд



Ассотсиатсияи ҳомии ҳуқуқи «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» аз ҳукуматдорони Русия даъват кард, ки ҳодисаи бедаракшавии мухолифи 24-солаи тоҷик Эҳсон Одинаев рӯзи 19 майи соли 2015 дар шаҳри Санкт-Петербургро воқеъбинона таҳқиқ кунанд. Дар ин бора хадамоти русии Би-Би-Си


иттилоъ медиҳад.

Эҳсон Одинаев, узви ҳаракати сабтиномнашудаи «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи Сарфарози Оламафрӯз сиёсати ҳукумати кунунии Тоҷикистон танқид мекард. Рӯзи 19 май дар шаҳри Санкт-Петербург ӯ бедарак шуд.

Бино ба маълумоти ҳуқуқшинсони Ассотсиатсияи ҳомии ҳуқуқи «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ», Эҳсон Одинаев дар хонаи иҷора зиндагӣ дошта, эҳтимолан барои харидани доруворӣ ба берун мебарояд ва бо ҳамин дигар ба хона барнагаштааст. Аз ҳамон замон ӯ дигар бо хешону наздиконаш дар тамос нашудааст.

Наздикони Одинаев ба Раёсати ВКД дар ноҳияи Фрунзеи шаҳри Санкт-Петербург оид ба ҷустуҷӯи ӯ муроҷиат карда, вале онҳо дар ин бора алҳол маълумоте дар даст надоштаанд.

«Дар маъракаи ахири интихоботи президентӣ Одинаев ба номзади алтернативӣ овоз дод. Ӯ дар аксияҳои эътирозии ташкилшуда аз ҷониби пешвоёни мухолифони сиёсӣ иштирок мекард. Ба қавли хешовандонаш, рӯзҳои ахир ӯ ба онҳо мегуфтааст, ки шахсони шубҳаноке ӯро пайгирӣ мекунанд. Вақте бародар ва модари Эҳсон Одинаев баъди бедаракшавиаш ба манзили ӯ меоянд, маълум мешавад, ки дар он кофтукови бидуни иҷозати расмӣ гузаронида шудааст», – қайд мешавад дар изҳороти созмони ҳомии ҳуқуқ.

Ҳукуматдорони Тоҷикистон низ ба гумони даст доштан дар содир гардидани киберҷиноятҳо Одинаеви 24-соларо тариқи Интерпол мавриди ҷустуҷӯ эълон карданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ бар ин назаранд, ки айбномаҳо нисбати ӯ ангезаи сиёсӣ доранд. Онҳо бовар доранд, ки блогери ҷавон бо интиқоди ошкоро ҳукуматдорони Тоҷикистонро нороҳат карда буд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе пешвои ҳаракати «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» Мақсуд Иброҳимовро

ба 17 соли зиндон маҳкум кард.

spot_imgspot_img

Популярное