Президент ба фаъолияти Корхонаи коркарди ғалла дар Шуғнон ҳусни оғоз бахшид



Дар идомаи сафар ба ВМКБ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Рӯшон ба ноҳияи Шуғнон ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҷо сарвари давлат дар маросими ба истифода додани

Корхонаи коркарди ғалла

дар деҳаи Боғев бо иқтидори коркарди 60 тн ғалла дар 1 шабонарӯз иштирок кард.

Корҳои сохтмонӣ дар корхона аз соли 2013 оғоз шуда, бо насби технологияи муосир сохта ба истифода дода шуд. Корхонаи коркарди ғалла дар деҳаи Боғев бо иқтидори коркарди 60 тонна ғалла дар 1 шабонарӯз фаъолият карда, то 30 нафарро ба кори доимӣ фаро мегирад. Дар корхона имкони нигоҳдории 6 ҳазор тонна ғалла мавҷуд аст. Маблағи умумии корҳои сохтмону муҷаҳҳазгардонӣ 13 миллиону 500 ҳазор сомонӣ мебошад.

Баъди ин президенти мамлакат ба маҳалли аз офати табиӣ зарардида омада, бо рафти корҳо аз наздик шинос шуд ва ба сохтмончиён барои бунёди роҳи нав маслиҳатҳои муфид дод.

Сипас Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба маҳалли бунёди хонаҳои нав барои оилаҳои зарардидагони офати табиӣ омада, бо онҳо суҳбат намуд.

Тавре маълум гардид, дар ин минтақа, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди хонаҳо замин ҷудо шуда буд, корҳои сохтмонӣ муташаккилона идома дорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои иҷрои корҳои босифат ва ҳарчи зудтар бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин кардани сокинон дастуру супоришҳо дод.

Ба Агентии захираҳои моддӣ иловатан супориш дода шуд, ки барои таъмини аҳолии деҳаи навбунёд бо об чораҷуӣ намояд.

Баъди шиносоии пурра аз рафти корҳои сохтмони манзили истиқоматӣ барои оилаҳои аз офат зарардида ва суҳбат бо онҳо дар маркази деҳаи Боғев Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Шуғнон мулоқоту суҳбати самимӣ доир кард.

spot_imgspot_img

Популярное