Давоми 6 моҳи аввали соли равон дар шаҳри Душанбе 119,95 ҳазор метри мураббаъ манзили зист ба истифода дода шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 5,5 баробар зиёдтар аст.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ 17 корхонаи нави саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ки дар онҳо 343 нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъмин шуданд.
Ба иттилои манбаъ, тӯли 6 моҳи соли 2015 дар корхонаҳои саноатии пойтахт ба маблағи умумии 622,55 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин ба андозаи 11,7% бештар мебошад.
Зимнан зикр гардид, ки дар ин давра музди миёнаи меҳнати сокинони шаҳр каме бештар аз 1,5 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки дар қиёс бо соли пешин 8,7% зиёдтар аст.



