Имзои Тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни Академияи ВКД Тоҷикистон ва Донишгоҳи «Амин»-и Эрон

Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро чанде қабл бо намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти раёсати фармондеҳи Донишгоҳи улуми интизомии «Амин» генерал-майори посдор Лутфалӣ Бахтиёрӣ вохӯрӣ баргузор намуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар мулоқот инчунин, Сафири фавқулодда ва мухтори ин кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, раиси омӯзиши байналмилалии Донишгоҳи улуми […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро чанде қабл бо намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти раёсати фармондеҳи Донишгоҳи улуми интизомии «Амин» генерал-майори посдор Лутфалӣ Бахтиёрӣ вохӯрӣ баргузор намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар мулоқот инчунин, Сафири фавқулодда ва мухтори ин кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, раиси омӯзиши байналмилалии Донишгоҳи улуми интизомии «Амин» полковник Ҳасани Ҷаводӣ, мушовири омӯзишии Донишгоҳи мазкур полковник Козими Шафеӣ, масъули бахши маркази омӯзиши пулис полковник Алиризо Манучеҳр Ободӣ, намояндаи «Интерпол»-и пулиси Эрон подполковник Самад Аббосӣ, вобастаи низомии Сафорат полковники посдор Беҳзод Рафеӣ ва муовини вобастаи низомӣ полковники посдор Муҳаммадсодиқ Маҷидӣ ширкат варзиданд.

Нахуст Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҳайати меҳмононро ба сарзамини меҳмоннавози тоҷикон хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки кормандони милитсия дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва ҷиноятҳои кибернетикӣ-иттилоотӣ нақши муҳим доранд.

Мо кӯшиш менамоем, ки бар зидди ҳама гуна ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ  дар ҳамбастагӣ ва якҷоягӣ бо ҳамкорони худ муборизаро тақвият бидиҳем, афзуд Вазири корҳои дохилӣ дар идомаи сӯҳбат.

Сипас, фармондеҳи Донишгоҳи улуми интизомии «Амин» генерал-майори посдор Лутфалӣ Бахтиёрӣ зикр кард, ки мо омода ҳастем, таҷрубаи худ ва заминаи ҳамаи ҳамкориҳои муштаракро барои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва шабакаҳои фазои маҷозӣ дар ихтиёри ҳамкоронамон қарор бидиҳем, то равишҳои кашфи ҷароим қавитар шаванд.

Дар ин радиф ҷонибҳо оид ба мубодилаи таҷриба, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва истифода аз зарфиятҳо ва тавонмандиҳои якдигар дар мавзӯъҳои омӯзишӣ ва пажуҳишӣ табодули афкор намуданд.

Дар хотимаи вохӯрӣ аз ҷониби Фармондеҳи Донишгоҳи улуми интизомии «Амин»-и Нерӯи интизомии ҶИЭ генерал-майори посдор Лутфалӣ Бахтиёрӣ ва сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ,  «Тафоҳумномаи ҳамкории омӯзишӣ-пажуҳишӣ байни Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи улуми интизомии «Амин»-и Нерӯи интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон» ба имзо расонида шуд.

Мавриди қайд аст, ки аз ҷониби Донишгоҳи улуми интизомии «Амин» ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди 100 дона китоб тақдим карда шуд, ки фарогири фаъолият ва таҷрибаи пулиси Эрон дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ маҳсуб меёбанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.