Шумори осебдидагон аз таркиш дар Кобул ба 400 нафар расид

Тибқи маълумоти ахир, аз таркиши автомашинаи боркаши минагузошта дар Кобул қариб 400 нафар осеб диданд, – иттилоъ медиҳад шабакаи телевизиони TOLO News бо истинод ба намояндаи Вазорати тандурустии Афғонистон. Қаблан дар бораи 198 нафар осебдидагон хабар дода шуда буд. Хабаргузории РИА Новости дар ин робита менависад, корманди Вазорати тандурустии ин кишвар гуфтааст, аксари осебдидагон аз […]

ASIA-Plus



Тибқи маълумоти ахир, аз таркиши автомашинаи боркаши минагузошта дар Кобул қариб 400 нафар осеб диданд, – иттилоъ медиҳад шабакаи телевизиони TOLO News бо истинод ба намояндаи Вазорати тандурустии Афғонистон. Қаблан дар бораи 198 нафар осебдидагон хабар дода шуда буд.

Хабаргузории

РИА Новости

дар ин робита менависад, корманди Вазорати тандурустии ин кишвар гуфтааст, аксари осебдидагон аз шишапораҳо ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд.

Дар бораи ҳалокшудагон бар асари ин ҳодиса хабарҳои гуногун мерасанд. Агентии Рейтер қаблан дар бораи 15 нафар ҳалокшудагон иттилоъ дода, дигар ВАО дар бораи 7-8 нафар фавтидагон иттилоъ медиҳанд.

Гуфта мешавад, таркиш дар маҳаллаи Шоҳ-Шаҳид дар шарқи пойтахти Афғонистон ба вуқӯъ пайваста, ҳадафи ин амали террористӣ эҳтимолан яке аз иншооти Вазорати мудофиаи унвон мешавад. Дар натиҷаи таркиш як қатор биноҳо ба таври назаррас тахриб шуда, зери деворҳои афтидаи онҳо метавонанд одамон қарор дошта бошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.