ҲНИТ: Қарори даъвати анҷумани навбатии ҳизбро Шӯрои сиёсӣ қабул мекунад



Мувофиқи муқаррароти Оинномаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бояд ҳар як чор сол анҷумани ҳисоботӣ-интихоботии ҳизб гузаронида шавад. Анҷумани қаблии ҳизб, ки дар он Муҳиддин Кабирӣ такроран раиси ҲНИТ интихоб шуда буд, рӯзҳои 23-24 сентябри соли 2011 баргузор гардида буд.

Тибқи талаботи оинномаи ҳизб, бояд то охири моҳи сентябри соли равон анҷумани навбатии ҳизб даъват шуда, дар он раҳбарияти амалкунандаи ҳизб дар бораи фаъолияташ тӯли 4 соли гузашта ҳисобот диҳад ва ҳамчунин пешвои нави ҳизб интихоб карда шавад.

Муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки то имрӯз дар бораи даъвати анҷумани навбатии ҳизб қарор қабул нашудааст. «Даъвати анҷуман салоҳияти истисноии Шӯрои олии сиёсии ҳизб аст, ки то ҳол дар ин бора қарори дахлдор қабул накардааст», – гуфт номбурда.

Ӯ таъкид дошт, ки раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аллакай муддати беш аз 5 моҳ аст, ки дар хориҷи кишвар қарор дорад. Бо ишора ба фишори афзоянда ба аъзои ҳизб, ҲНИТ аз эҳтимол дур намедонад, ки дар сурати ба ватан баргаштани пешвои ҳизб, ҳукуматдорон метавонанд нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз намоянд.

Ёдрас мекунем, ки зимни нишасти хабарии рӯзи 31 июл намояндаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар мавриди ин масъала изҳор намуда буд, ки айни замон нисбати раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ парвандаи ҷиноӣ боз нашудаааст. «Аммо аз рӯи далели қонунӣ будан ё набудани хусусигардонии беморхонаи сохтмонаш нотамом барои 500 кас дар ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби Кабирӣ тафтишот ҷараён дорад», – иброз дошт ӯ.

Зимни нишасти хабарии рӯзи 25 июл вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар робита ба ташвишҳои раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бобати ба ватан баргаштанаш изҳор намуд, ки ба пешвои ҲНИТ дар Тоҷикистон ҳеҷ хатаре вуҷуд надорад. «Нисбати ӯ ягон парвандае боз нашудааст», – гуфт вазири корҳои дохилӣ.

Ёдрас мекунем, ки 

Муҳиддин Кабирӣ дар конфронси байнулмилалӣ 

таҳти унвони «Осиёи Марказӣ: таҳдидҳои муосир», ки рӯзи 17 июн дар шаҳри Маскав доир гардид, 

изҳор намуда буд

, ки мутмаин аст, дар ватан ба ӯ ҷавобгарии ҷиноӣ таҳдид карда метавонад.

Рӯзи 16 июни соли равон нашрияи ҳукумат «Ҷумҳурият» таҳти унвони 

«Асрори пушти пардаи тиҷорати Кабирӣ» 

маводе ба чоп расонид, ки дар он раиси ҲНИТ ба ғайриқонунӣ хусусигардонии қитъаҳои замин ва иншооти давлатӣ айбдор карда мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное