Аъзои Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки аз 5 то 10 август бо даъвати раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар шаҳри Истамбул қарор доштанд, рӯзи 11 август ба Душанбе баргаштанд.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҲНИТ, дар шаҳри Истамбул ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ доир гардида, дар он масъалаҳои омодагӣ ба анҷумани навбатӣ, сиёсатҳои мақомоти давлатӣ нисбат ба ҳизб ва роҳҳои пешгирӣ аз фишору маҳдудиятҳо, инчунин, ислоҳоти эҳтимолии кадрӣ ва сохторӣ баррасӣ шуданд.
Дар ҷаласа таъкид шудааст, ки ҲНИТ чун пештара мухолифи ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар фаъолияти ҳизб ва ҷонибдорони он буда, мудом аз сиёсати таҳаммулпазирӣ кор мегирад.
Раиси ҲНИТ аз ҳайат ва ҳамаи масъулини ҳизб барои устуворӣ ва идомаи сиёсатҳои мантиқиву қонунӣ изҳори миннатдорӣ намуда, давом додани фаъолияти ҳизбро дар чорчӯби қонунҳои мавҷудаи кишвар дархост намудааст.
Дар ҷаласаи Истамбул ҳамчунин атрофи масоили вобаста ба мубориза бо ифротгароӣ ва пешгирии ҷавонон аз пайвастан ба сафи гурӯҳҳои ифротгаро низ баррасӣ гардида, таъкид шудааст, ки ҲНИТ мисли пешина фаъолияти худро дар дохил ва хориҷ барои пешгирии пайвастани ҷавонони тоҷик ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ қавитар намуда, бештар аз корҳои равшангароӣ байни муҳоҷирин ва ҷавонони дохил истифода намояд.
Гуфта мешавад, ба Шӯрои сиёсии ҳизб тавсия шудааст, ки омодагӣ ба баргузории анҷумани навбаиро шурӯъ намуда, машваратҳо ва иртиботҳо байни роҳбарият ва масьулин дар бораи ислоҳот идома дода шавад.



