Душанбе ба ҳайати Раёсати Форуми ҳалқаи иқтисодии Роҳи абрешим шомил шуд

Пойтахти Тоҷикистон ба ҳайати Раёсати Форуми рушд ва ҳамкории шаҳрҳои ҳалқаи иқтисодии Роҳи абрешим, ки рӯзҳои 24-25 июл дар шаҳри Урумчии Чин доир гардид, шомил шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод. Бино ба гуфти манбаъ, дар Форуми III рушд ва ҳамкории шаҳрҳои ҳалқаи иқтисодии Роҳи абрешим дар […]

Аваз Юлдошев



Пойтахти Тоҷикистон ба ҳайати Раёсати Форуми рушд ва ҳамкории шаҳрҳои ҳалқаи иқтисодии Роҳи абрешим, ки рӯзҳои 24-25 июл дар шаҳри Урумчии Чин доир гардид, шомил шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод.

Бино ба гуфти манбаъ, дар Форуми III рушд ва ҳамкории шаҳрҳои ҳалқаи иқтисодии Роҳи абрешим дар шаҳри Урумчи намояндагони 55 шаҳрҳои гуногуни қитъаи Авруосиё, 28 корхонаҳои бузурги саноатӣ ва 12 иттиҳодияҳои ғайридавлатӣ ва тиҷоративу саноатӣ ширкат варзиданд.

Зимнан зикр гардид, ҳадафи аслӣ аз баргузории форум рушди ҳамкории амалӣ ва мусоидат ба муколама миёни шаҳрҳо, табодули таҷриба дар бахшҳои робитаҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ буда, усули асосии он – «Баррасии муштарак, бунёди муштарак ва ҳамроҳ тақсим карлани маҳсули кор» аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасониро ба мусофирон ва афзоши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.