Зимни сафари расмии дурӯзаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон, ки шоми имрӯз оғоз мегардад ва аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ӯ бо сарвари ин кишвар Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳадди ақал 5 созишномаи ҳамкорӣ миёни давлатҳо ба имзо мерасад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар Ашқобод Баёнияи муштаракаи сарони ҳарду кишвар қабул шуда, ҳамчунин ҷонибҳо дар бораи ҳамкорӣ дар бахши китобхонадорӣ, барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии ҳарду кишвар, барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи телевизион ва кинематография, барномаи ҳамкорӣ дар бахши тандурустӣ созишномаву қарордодҳо ба имзо мерасонанд.
«То субҳи имрӯз лоиҳаҳои боз як қатор созишномаҳо мавриди баррасӣ қарор доранд», – қайд кард манбаъ.



