Нахуствазир омодагии Тоҷикистон ба мавсими зимистонро санҷид

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 18 август аз Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 боздид намуда, бо ҷараёни корҳои бунёди навбати  дуюми ин иншоот шинос шуд. Бино ба маълумоти котиботи нахуствазир, Расулзода ҳамроҳи роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва ҳамчунин мутахассисони ширкати чинии Tabian Apparatus Stoc Co. (ТВЕА), ки дар амалисозии ин лоиҳа иштирок доранд, бо […]

Аваз Юлдошев



Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 18 август аз Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 боздид намуда, бо ҷараёни корҳои бунёди навбати  дуюми ин иншоот шинос шуд.

Бино ба маълумоти котиботи нахуствазир, Расулзода ҳамроҳи роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва ҳамчунин мутахассисони ширкати чинии Tabian Apparatus Stoc Co. (ТВЕА), ки дар амалисозии ин лоиҳа иштирок доранд, бо рафти корҳои сохтмон ва насби таҷҳизот аз наздик ошно гардиданд.

Тибқи лоиҳа дар Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 шабонарӯзӣ ҳудуди 3 ҳазор тонна ангишт истифода мешавад, ки ба афзоиши истихроҷи ангиш дар ҷумҳурӣ мусоидат мекунад. «Ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли ангишт меафзояд ва доир ба масъалаи таъмини ин марказ бо ин навъи сӯзишворӣ мушкилоте рӯйи кор нахоҳад омад. Ин марказ аз кони Зиддии ноҳияи Варзоб бо ангишт таъмин мешавад», – қайд карданд дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи кишвар, барои сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 ҳудуди 349 млн. доллари ИМА маблағ харҷ мешавад, ки 331,5 млн. доллари ИМА-ашро ба сифати қарзи имтиёзнок «Эксимбонк»-и Чин ҷудо карда, ҳиссаи ширкати «Барқи тоҷик» дар ин лоиҳа ба 17,4 млн. доллари ИМА баробар аст.

Иқтидори истеҳсолии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 300 мегаватт нерӯи барқ ва 167 гигокалорий гармиро ташкил хоҳад дод. Ин иншооти энергетикӣ бо ангишт кор мекунад. Дар он ҳамчунин таҷҳизоте насб хоҳад шуд, ки дар сурати зарурат метавонад корхонаро ба истифодаи газ низ гузаронад.

Дар майдони сохтмони иншооти азкур нахуствазир ҷаласаи сайёри ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагии кишвар ба мавсими тирамоҳу зимистони имсоларо баргузор кард. Расулзода ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати омодакунии Марказҳои барқу гармидиҳии Душанбе -1, 2, захираи ангишт, таъмири қубурҳои интиқоли гармӣ ва оби гарм дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.