Хуҷанд мусобиқаи марҳилаи интихобии қаҳрамонии футзали Осиёро қабул мекунад

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шаҳри Хуҷандро ба сифати макони баргузории сабқати интихобии қаҳрамонии футзали Осиё-2016 дар Осиёи Марказӣ тасдиқ кард. Бино ба маълумоти АМИТ «Ховар бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии кишвар, сабқати марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо иштироки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон аз 14 то 16 ноябри […]

ASIA-Plus



Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шаҳри Хуҷандро ба сифати макони баргузории сабқати интихобии қаҳрамонии футзали Осиё-2016 дар Осиёи Марказӣ тасдиқ кард.

Бино ба маълумоти АМИТ «Ховар бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии кишвар, сабқати марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо иштироки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон аз 14 то 16 ноябри соли равон дар маҷмааи нави «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, аз ин минтақа ду дастаи беҳтарин ба қисми ниҳоии мусобиқаи қитъавӣ, ки аз 10 то 21 феврали соли оянда дар пойтахти Ӯзбекистон – Тошканд  барпо мегардад, роҳ меёбанд.

Ёдрас мешавад, ки дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар ҷараёни ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Дубай ва Эл-Кувайт панҷ бозии санҷишӣ анҷом дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.