Муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон коҳиш меёбад

Моҳи июли соли ҷорӣ беш аз 42 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишварро ихтиёр кардаанд, ки нисбат ба моҳи июли соли гузашта 11,8% камтар аст. Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, аз оғози соли ҷорӣ ҳудуди 383 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, ки […]

Пайрав Чоршанбиев



Моҳи июли соли ҷорӣ беш аз 42 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишварро ихтиёр кардаанд, ки нисбат ба моҳи июли соли гузашта 11,8% камтар аст.

Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, аз оғози соли ҷорӣ ҳудуди 383 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5% камтар мебошад.

«Коҳиши сатҳи муҳоҷирати кории тоҷикистониён ба вуруди онҳо ба Русия аз 1 январи соли 2015 бо шиносномаҳои хориҷӣ ва тағйироти воридшуда ба қонунгузории ин кишвар дар бахши фаъолияи муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои хориҷӣ марбут аст», – гуфта мешавад дар гузориши ҳармоҳаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ «Мониторинг ва огоҳии пешакӣ дар Тоҷикистон».

Дар ҳамин ҳол, мутобиқи

маълумоти

Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, ба санаи 6 август беш аз 985 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла зиёда аз 827 ҳазор нафар мардон ва ҳудуди 158 ҳазор нафар занон дар қаламрави Русия қарор доштанд. Ин шумор аввали сол каме бештар аз 999,1 ҳазор нафарро ташкил медодааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.