Хитоиҳо бунёди «Шаҳри интеллектуалӣ» дар Тоҷикистонро пешниҳод карданд

Дар мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Сироҷиддин Икромов бо ҳайати намояндагони ширкати “Чайна СмартСити Текнолоҷӣ”-и Ҷумҳурии Халқии Хитоӣ таҳти сарварии раиси ширкати номбурда ҷаноби Ҷим Ние муаррифии Лоиҳаи “Шаҳри интеллектуалӣ” ва имконияти татбиқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, дар оғози мулоқот муовини С.Икромов меҳмононро […]

ASIA-Plus



Дар мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Сироҷиддин Икромов бо ҳайати намояндагони ширкати “Чайна СмартСити Текнолоҷӣ”-и Ҷумҳурии Халқии Хитоӣ таҳти сарварии раиси ширкати номбурда ҷаноби Ҷим Ние муаррифии Лоиҳаи “Шаҳри интеллектуалӣ” ва имконияти татбиқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, дар оғози мулоқот муовини С.Икромов меҳмононро бо вазъи феълии низоми бонкии мамлакат, дастовардҳои бонкдорони тоҷик дар нимсолаи аввали соли равон, бахусус дар бахши истифодаи комёбиҳои нави технологияи иттилоотӣ дар фаъолияти ташкилотҳои қарзии мамлакат ва нақшаҳои минбаъдаи онҳо шинос намуд.

Сипас, ҷаноби Ҷим Ние иброз намуд, ки ширкати “Чайна СмартСити Текнолоҷӣ” дар шаҳри Шанхай қарор дорад ва маҳсулоти он дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, нақлиёт, бонкдорӣ, иттилоот, кишоварзӣ ва ғайра истифода мешавад.

Дар ҷараёни мулоқот қайд карда шуд, ки бо маҳсулоти ин ширкат метавон фаъолияти тамоми бонкҳои кишварро ҳамоҳанг намуда, бо истифода аз кортҳои интеллектуалӣ аз хизматрасонии ҳамаи бонкҳо (пардохт, интиқол ва ғайра)-ро бо нархи ягона истифода намуд.

Ҳамчунин маълум гардид, ки дар сурати амалӣ намудани лоиҳаи зикршуда пардохти маблағ дар тамоми нуқтаҳои фурӯши маҳсулот ва нақлиёт, ба миқдори беҳудуд захира намудани тамоми иттилоот дар соҳаҳои маориф, тиб, муайян намудани миқдори дақиқи воридот ва содироти мол ба таври мустақим ва фосилавӣ дар соҳаи гумрук, истифодаи корти интеллектуалӣ ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсият, пардохти хизматрасониҳои интернетӣ бо тарзи нав ва арзиши кам, омода намудани мутахассисони дараҷаи байналмилалӣ дар соҳаи технологияи иттилоотӣ имконпазир мегардад.

Тавре дар рафти мулоқот маълум гардид, ин технология дар чандин шаҳрҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки зиёда аз 30 млн. аҳолӣ доранд, татбиқ гардида, зиёда аз 300 шаҳри дигар дар навбати татбиқи он мебошанд. Илова бар ин, лоиҳаи шаҳри интеллектуалӣ дар давлатҳои пешрафтаи дунё – Хитой, Олмон, Фаронса ва Ҷопон мавриди истифода қарор дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.