Иштироки низомиёни тоҷик дар гузашти Ғалабаи Пекин

Ротаи қаровули фахрии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар гузашти низомии Ғалабаи рӯзи 3 сентябр дар майдони Тянанмэни Пекин ба Чин раҳсипор шуд. Бино ба иттилои Вазорати мудофиаи ҶТ, низомиёни тоҷик ҳамроҳ бо намояндагони дигар артишҳои саросари ҷаҳон то 3 сентябр дар макони баргузории гузашти низомии пуршукӯҳ ба машқу тамринҳо машғул хоҳанд шуд. Дар ҳамин […]

Аваз Юлдошев



Ротаи қаровули фахрии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар гузашти низомии Ғалабаи рӯзи 3 сентябр дар майдони Тянанмэни Пекин ба Чин раҳсипор шуд.

Бино ба иттилои Вазорати мудофиаи ҶТ, низомиёни тоҷик ҳамроҳ бо намояндагони дигар артишҳои саросари ҷаҳон то 3 сентябр дар макони баргузории гузашти низомии пуршукӯҳ ба машқу тамринҳо машғул хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ҳукуматдорони Чин президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расман даъват кардаанд, ки дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 70-умин солгарди Ғалаба бар фашизм ва сиёсати ҷангҷӯёнаи Ҷопон дар Ҷанги дуюми ҷаҳон дар Пекин иштирок кунад.

Сарвари давлати Тоҷикистон даъвати ҷониби Чинро пазируфта аввали моҳи сентябр ба Пекин сафар мекунад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Чин, чорабиниҳои асосии ҷашнӣ ба ин муносибат рӯзи 3 сентябр дар Пекин пешбинӣ шудаааст. Маҳз ҳамин рӯз дар Чин Рӯзи Ғалаба бар сиёсати ҷангҷӯёнаи Ҷопон ва анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.

Дар чорабиниҳои ҷашнӣ раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва дигар арбобони давлатии ин кишвар ширкат меварзанд. Дар маълумоти расмӣ ҳамчунин гуфта мешавад, Чин «сарони кишварҳои дар Ҷанги дуюми ҷаҳон иштирокдошта, давлатҳои Осиё ва минтақаҳои дигари ҷаҳон, кормандони масъули СММ ва дигар созмонҳои байнулмилалиро ба чорабиниҳои ёдбуд даъват мекунад».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.