Ҳаракати нақлиёт тариқи роҳи Душанбе – Қулма рӯзҳои наздик барқарор мешавад

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи роҳи мошингарди Хоруғ – Қулма, ки қитъаи чоркилометрии он моҳи июл бар асари селфароиву обхезӣ пурра хароб гардида буд, рӯзҳои наздик барқарор карда мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҶТ хабар доданд. Мебояд гуфт, муддати беш аз як моҳ аст, ки сокинони чор ҷамоати ноҳияи Шуғнон ва ноҳияи […]

Пайрав Чоршанбиев



Ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи роҳи мошингарди Хоруғ – Қулма, ки қитъаи чоркилометрии он моҳи июл бар асари селфароиву обхезӣ пурра хароб гардида буд, рӯзҳои наздик барқарор карда мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҶТ хабар доданд.

Мебояд гуфт, муддати беш аз як моҳ аст, ки сокинони чор ҷамоати ноҳияи Шуғнон ва ноҳияи Мурғоб имкони тариқи нақлиёт ба маркази маъмурии вилоят – шаҳри Хоруғ сафар карданро надоранд.

Ёдрас мекунем, ки аз 16 то 20 июл дар назди деҳаи Барсеми ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон сел фаромада, маҷрои дарёи Ғундро баст. Дар натиҷа кӯли дукилометрае пайдо шуда, роҳи мошингарди паҳлӯи он зери об монд. Сокинони маҳаллаҳои аҳолинишини наздики ин мавзеъ айни замон тариқи қайиқҳои моторӣ ба дигар ҷой равуо мекунанд.

Дар Вазорати нақлиёт қайд карданд, ки бо дастгирии роҳсозони ватанӣ феълан ба сохтмони қитъаи нави роҳ дар ин мавзеъ ширкатҳои сохтмонии Чину Эрон машғуланд.

Ба иттилои манбаъ, сохтмончиён аллакай беш аз 3 километри роҳро бунёд намуда, тақрибан сохтмони 400 метри роҳ боқӣ мондааст.

«Самти сохтмони роҳи нав аз шаху харсангҳои яклухт мегузарад ва ин корҳо ба воситаи пармакуниву таркиш сурат мегиранд, ки табиист вақти бештареро тақозо мекунанд, аммо корҳо дар ду баст роҳандозӣ шуда, рӯзҳои наздик аз анҷоми онҳо интизорӣ меравад», – таъкид доштанд дар Вазорати нақлиёт.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷойи сохтмон таҳти раҳбарии муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ситоди доимо амалкунанда фаъолият дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.