Оғози размоиши бузургтарини нерӯҳои НАТО дар Аврупо тайи солҳои ахир

Аз 15 август размоиши нерӯҳои ҳавоӣ-десантии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар Аврупо оғоз гардид. Нашрияи бритониёии The Telegraph дар ин робита менависад, дар ин тамринҳо 5 ҳазор низомиён аз кишвари узви НАТО ширкат меварзанд, ки бузургтарин машқи низомии созмон аз замони анҷоми ҷанги сард аст. Размоишҳо то 13 сентябр идома меёбанд. Бино ба маълумоти […]

ASIA-Plus



Аз 15 август размоиши нерӯҳои ҳавоӣ-десантии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар Аврупо оғоз гардид.

Нашрияи бритониёии

The Telegraph

дар ин робита менависад, дар ин тамринҳо 5 ҳазор низомиён аз кишвари узви НАТО ширкат меварзанд, ки бузургтарин машқи низомии созмон аз замони анҷоми ҷанги сард аст. Размоишҳо то 13 сентябр идома меёбанд.

Бино ба маълумоти хабаргузории

РБК

, аз размоиш Swift Response 15 ном бурда шуда, ба сафи иштирокчиёни тамринҳо кишварҳои Булғористон, Британияи Кабир, Олмон, Юнон, Испания, Италия, Нидерланд, Лаҳистон (Полша), Португалия, ИМА ва Фаронса шомил мебошанд.

Хабаргузории

ТАСС

дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки размоишҳои мазкур ба баланд бардоштани сатҳи фаврии амалиёти муштараки «нерӯҳои сатҳи баланди омодагӣ» равона шуда, ҳамчунин ин чорабинӣ бояд «қобилияти созмон ба роҳандозии амалиёти фаврӣ ва дигар тадбирҳо ҷиҳати нигаҳдории Аврупои пурқудрат ва ҳифзшуда»-ро зоҳир созад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.