Маҳмадрӯзӣ Искандаровро барои мусоҳиба бо Озодӣ ҷазо доданд

Собиқ роҳбари маҳкумшудаи Ҳизби демократи Тоҷикистон Маҳмадрӯзи Искандаров, ки муддати 10 сол дар зиндони Душанбе адои ҷазо мекард, барои анҷоми мусоҳиба бо радиои Озодӣ ба зиндони наздикии шаҳри Ваҳдат интиқол дода шуд. Аббосидин Ҳомидов, бародарзодаи Маҳмадрузӣ Искандаров, рӯзи 18-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки баъди нашри мусоҳибаи сиёсатмадори зиндонӣ бо Радиои Озодӣ, намояндагони Раёсати […]

ASIA-Plus



Собиқ роҳбари маҳкумшудаи Ҳизби демократи Тоҷикистон Маҳмадрӯзи Искандаров, ки муддати 10 сол дар зиндони Душанбе адои ҷазо мекард, барои анҷоми мусоҳиба бо радиои Озодӣ ба зиндони наздикии шаҳри Ваҳдат интиқол дода шуд.

Аббосидин Ҳомидов, бародарзодаи Маҳмадрузӣ Искандаров, рӯзи 18-уми август ба

Радиои Озодӣ

гуфтааст, ки баъди нашри мусоҳибаи сиёсатмадори зиндонӣ бо Радиои Озодӣ, намояндагони Раёсати ислоҳии маҳбаси вазорати адлия ӯро даъват карда ва ҳамчун ҷазо ба зиндони “Кирпичний” интиқол додаанд.

Ба гуфтаи Ҳомидов, мақомот хостаанд, ки аз ҳамин роҳ иртиботи Маҳмадрузӣ Искандаровро бо хабарнигорон қатъ кунанд.

Як мақоми раёсати маҳбасҳои вазорати адлия ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки “се рӯз аст, ки Маҳмадрузӣ Искандаров дар маҳбаси рақами 4/7 давраи карантинро пушти сар карда, бо қоидаҳои ин маҳбас шинос шуда, баъди 9 рӯз барои адои давраи ҷазо дар ҳамин маҳбас мемонад.”

Санаи 11 август радиои Озодӣ

мусоҳибаеро

бо Маҳмадрӯзӣ Искандаров интишор намуд, ки дар он сиёсатмадор дар робита ба имзои Созишномаи ризоияти миллӣ ва истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон изҳор доштааст, ки «наҳваи сулҳе, ки ба даст омад, нодуруст буд ва ин як сулҳи дурӯғин буд».

Ёдрас мекунем, ки собиқ пешвои Хизби демократи Тоҷикистон Маҳмадрӯзӣ Искандаров соли 2005 ба терроризм, ғайриқонунӣ нигаҳдории силоҳ, суиқасд ба куштор, дуздии воситаҳои давлатӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд ва суистифода аз ваколатҳои мансабӣ гунаҳкор дониста шуда, ба 23 соли зиндон маҳкум шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.