spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Осеби манзилҳо дар ВМКБ бар асари сели харобиовар



Дар пайи омадани сели харобиовар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 16 июл беш аз 39 манзили сокинони ҷамоати деҳоти Сӯчон пурра ва даҳҳо хонаи дигар қисман вайрон шудааст.

Мақомоти вилояти Бадахшон ба

радиои Озодӣ

гуфтаанд, ки барои ёрӣ ба осебдидагони сел дар ноҳияи Шуғнон се чархбол – як чархболи Бунёди Оқохон ва ду чархболи ҳукумат – хидмат мекунанд. Нуралӣ Риёев, муовини раиси изҳор доштааст, ки, дар маҳалҳои селзада аз 40 то 50 ҳазор нафар ба сар мебаранд ва онҳо бо ёрии ин чархболҳо тавонистаанд, ки гурӯҳе аз мардумро ба ҷойи амн кӯчонда, ҳамин тавр, аз талафоти ҷонӣ пешгирӣ кунанд.

Азиз Гиёев, раиси ноҳияи Шуғнон иттилоъ додаст, ки чор купрӯк, ду километр роҳи мошингард ва дуним километр хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ҳам тахриб шудааст. Об яке аз пулҳои мошингард, ки роҳро ба деҳаи Барсем мепайваст, шуста дар миёни дарё қарор дод ва дар натиҷа, як садди сунъӣ ба вуҷуд омада дар муддати кӯтоҳ кӯле ба дарозии 1,5 километр дар ин дарё пайдо шуд. Ҳамчунин, оби рӯди Ғунд купрӯки мошингузареро, ки роҳро ба сӯи Мурғоб мепайваст, пурра вайрон кардааст», – гуфтааст ӯ.

Абдулло Амонбеков – сухангӯи “Помир Энержӣ” низ хароб шудани хатҳои интиқоли нерӯи барқро тасдиқ ва аз оғози корҳои барқарорсозии онҳо хабар додааст. «Дар ҳоли ҳозир нерӯгоҳи “Помир 1” фаъол аст, аммо бинобар хароб шудани хатҳои интиқоли барқ нерӯ то ба шаҳри Хоруғ, маркази Бадахшон, намерасад», – иброз доштааст ӯ.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз сокинони рустои Барсем дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки оби бисёр дар поёни деҳаи онҳо сангу чӯб ва лойро дар як ҷо ҷамъ оварда, обанбори сунъӣ сохтааст, ки дар сурати рахна шуданаш метавонад маҳаллаҳои поёнобро зер кунад. Сокинони деҳаи Бердибекободи ноҳияи Шуғнон ҳам изҳор доштаанд, ки шабро дар болои кӯҳ рӯз карда ва бо чашмони худ диданд, ки чигуна об манзили онҳоро вайрон кардааст.

Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи Бадахшон гуфтааст, комиссияи махсус баъд аз омӯзиши ин вазъ маълум кардааст, ки сел бар асари гармои шадид ва об шудани пиряхҳо омадааст.

Гуфта мешавад, феълан раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов, раисони навоҳии Бадахшон ва намояндаи дастгоҳи раисиҷумҳур дар ҷойи ҳодиса мебошанд.

МЕДИА (Youtube Embed)

Переводы:

Похожие материалы

spot_imgspot_img

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Новости компаний

Новости компаний

Новости компаний

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ПОСЛЕДНИЕ НОВОСТИ

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...