Ротаи қаровули фахрии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар гузашти низомии Ғалабаи рӯзи 3 сентябр дар майдони Тянанмэни Пекин ба Чин раҳсипор шуд.
Бино ба иттилои Вазорати мудофиаи ҶТ, низомиёни тоҷик ҳамроҳ бо намояндагони дигар артишҳои саросари ҷаҳон то 3 сентябр дар макони баргузории гузашти низомии пуршукӯҳ ба машқу тамринҳо машғул хоҳанд шуд.
Дар ҳамин ҳол, тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ҳукуматдорони Чин президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расман даъват кардаанд, ки дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 70-умин солгарди Ғалаба бар фашизм ва сиёсати ҷангҷӯёнаи Ҷопон дар Ҷанги дуюми ҷаҳон дар Пекин иштирок кунад.
Сарвари давлати Тоҷикистон даъвати ҷониби Чинро пазируфта аввали моҳи сентябр ба Пекин сафар мекунад.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Чин, чорабиниҳои асосии ҷашнӣ ба ин муносибат рӯзи 3 сентябр дар Пекин пешбинӣ шудаааст. Маҳз ҳамин рӯз дар Чин Рӯзи Ғалаба бар сиёсати ҷангҷӯёнаи Ҷопон ва анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.
Дар чорабиниҳои ҷашнӣ раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва дигар арбобони давлатии ин кишвар ширкат меварзанд. Дар маълумоти расмӣ ҳамчунин гуфта мешавад, Чин «сарони кишварҳои дар Ҷанги дуюми ҷаҳон иштирокдошта, давлатҳои Осиё ва минтақаҳои дигари ҷаҳон, кормандони масъули СММ ва дигар созмонҳои байнулмилалиро ба чорабиниҳои ёдбуд даъват мекунад».



