Аз 15 август размоиши нерӯҳои ҳавоӣ-десантии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар Аврупо оғоз гардид.
Нашрияи бритониёии
The Telegraph
дар ин робита менависад, дар ин тамринҳо 5 ҳазор низомиён аз кишвари узви НАТО ширкат меварзанд, ки бузургтарин машқи низомии созмон аз замони анҷоми ҷанги сард аст. Размоишҳо то 13 сентябр идома меёбанд.
Бино ба маълумоти хабаргузории
РБК
, аз размоиш Swift Response 15 ном бурда шуда, ба сафи иштирокчиёни тамринҳо кишварҳои Булғористон, Британияи Кабир, Олмон, Юнон, Испания, Италия, Нидерланд, Лаҳистон (Полша), Португалия, ИМА ва Фаронса шомил мебошанд.
Хабаргузории
ТАСС
дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки размоишҳои мазкур ба баланд бардоштани сатҳи фаврии амалиёти муштараки «нерӯҳои сатҳи баланди омодагӣ» равона шуда, ҳамчунин ин чорабинӣ бояд «қобилияти созмон ба роҳандозии амалиёти фаврӣ ва дигар тадбирҳо ҷиҳати нигаҳдории Аврупои пурқудрат ва ҳифзшуда»-ро зоҳир созад.



